29 Декабр 2023 - 18:31
Раиси дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Тамоми сарзаминҳои ишғолӣ дар тирраси мушакҳои нуқтазани Эрон аст

Раиси дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба тавонмандиҳои низомиву дифоии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Имрӯз нуқтае дар сарзаминҳои ишғолӣ нест, ки дар тирраси мушакҳои нуқтазани Ҷумҳурии исломии Эрон набошад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Муҳаммадии Гулпойгонӣ, раиси дафтари Раҳбари муаззами инқилоб рӯзи панҷшанбе дар сенздаҳумин иҷлосияи саросарии Ҷомеаи мударрисини Қум, ҷануби Теҳрон, бо ишора ба пешрафтҳои дифоиву низомии Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба ҷое расидаанд, ки ду абарқудрати соҳиби бомбаи атом, яъне Чину Русия дасти ниёзашон ба тарафи Эрон дароз аст. Раиси дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки моҷарои Ғазза достони фаластиниҳост, аммо онҳо аз Эрон улгӯ гирифтаанд, ҳаракати муқовимати исломии Фаластин ва истодагии онон дар баробари режими ғосиби саҳюнистиро таҳсин карду гуфт: Имрӯз яманиҳо корро ба ҷое рисондаанд, ки киштиҳои исроилӣ маҷбур ҳастанд фосилаи тараддуди худро бисёр дур кунанд ва ин масъала ҳазинаҳои зиёде барояшон дорад. Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадии Гулпойгонӣ бо маҳкум кардани ҷиноёти режими кӯдаккуши Исроил, давлати Амрико ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии ин кишварро шарики ҷурми саҳюнистҳо донисту афзуд: Дар моҷароҳои ахир ҷаҳониён расвоии яҳудро мушоҳида карданд, зимни ин ки ғарбиҳову аврупоиҳо низ амалкарди мушобеҳе дар иттифоқоти ахир доштанд. Раиси дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо гиромидошти ёду хотираи сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва таҷлил аз муҷоҳидатҳову исоргариҳои беназири ин шаҳиди воломақом гуфт: Сардор Сулаймонӣ бо фатвои марҷаъият бо ДИИШ мубориза карду ҷилави диишиҳоро гирифт.

342/